77-88
Маркази тамос
RU EN
Утоқи шахсӣ

Қоидаҳо ва ҷаримаҳо

Таваққуфгоҳи музднок дар ҳудуди минтақаҳои интихобшуда ва ташкилшаванда бо мақсади таваққуфи муваққатии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои вақти муайяншуда ташкил карда шудааст.

Истифодабарандагони таваққуфгоҳ уҳдадор аст, ки воситаи нақлиёти автомобилиро дар таваққуфгоҳ дар асоси талаботи аломатҳои роҳ ва нишонаҳои хатҳои уфуқӣ ҷойгир намуда, ҳангоми даромаду баромад ба таваққуфгоҳ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунанд.

Ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо шарти мавҷуд будани ҷойҳои холӣ дар таваққуфгоҳҳо аз ҷониби истифодабарандагон бо дар назар доштани риояи талаботи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таваққуфгоҳ ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мустақилона амалӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ, истифодабаранда бояд дар давоми 10 дақиқа таваққуфгоҳро тарк намояд.

Воситаҳои нақлиёти автомобилии хадамоти фаврӣ бо навиштаҷоти махсус (сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии аввалияи тиббӣ ва ғайра), ки чароғҳои шуълавари рангҳои кабуду сурх доранд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II метавонанд аз таваққуфгоҳҳои музднок ба таври ройгон истифода баранд.

Дар сурати вайрон кардани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва Шартномаи оммавӣ оид ба хизматрасонии таваққуф, истифодабарандаи таваққуфгоҳи музднок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ карда мешавад.

Соҳибмулки воситаи нақлиёт метавонад дар ҳолатҳои зерин ҷарима шавад:

  • барои напардохтани ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳ;
  • ба маблағи камтар супоридани ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳ;
  • ҷойгиркунии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо вайрон намудани сарҳади ҷойҳои таваққуфгоҳ;
  • ҷойгиркунии воситаи нақлиёти автомобилӣ дар таваққуфгоҳҳое, ки барои воситаҳои нақлиёти муайян (маъюбон ва ё электромобилҳо) пешбинӣ шудаанд, дар мавриде, ки ин ҷойҳо бо аломатҳои роҳ ва нишонаҳои хатҳои уфуқӣ ишорат карда шуда бошанд;
  • ҷойгиркунии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо рақамҳои давлатии хонданашавада ва ё эҷод намудани ҳар гуна монеа барои хондашавии онҳо, рақамҳои бегона ва бо рақамҳои қайди давлатие, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мутобиқат намекунанд;
  • вайрон ва корношоям кардани таҷҳизоти техникие, ки дар ҳудуди таваққуфгоҳи музднок гузошта шудааст;
  • таваққуфгоҳ дар роҳрав (тратуар);
  • ифлос намудани ҳудуди таваққуфгоҳи музднок;
  • вайрон намудани Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таваққуфгоҳ ва дигар санадҳои муъёрии ҳуқуқӣ.

Ҷаримаҳоро метавон бо тартиби зерин пардохт намуд:

  • Дар сайти www.neru.tj

Мавҷудияти ҷаримаҳоро метавон тавассути портали www.neru.tj тафтиш кард.

Дар сурати напардохтани ҷаримаҳо, Ташкилкунанда бо истифода аз блокиратор ҳаракати воситаи нақлиёти ҷаримашударо маҳдуд мекунад ва ё бо истифода аз Эвакуатор ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ дастрас менамояд.